Хушхабар

Хонандаи синфи сеюми литсей Чиниева Согдиана баъди ишғоли ҷойи якум дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҳуқуқи иштирок намуданро дар даври баъдӣ, дар Ҷумҳурии  Ӯзбекистон пайдо намуд. 

Санаи 30-юми ноябр дар маҷмааи варзишии «Сурхон», шаҳри Термизи  вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон байни духтарони синну соли 2008-2014 оид ба гимнастикаи  бадеӣ даври  дуюм баргузор гардид, ки дар он Чиниева Согдиана ширкат намуда, сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид.