ТАБОДУЛИ ТАҶРИБАИ ОМӮЗГОРОНИ ЗАБОНИ АНЛИСӢ

Рӯзи 12-уми декабри соли 2019  дар литсейи ДДТТ  бо мақсади табодули таҷриба вохӯрии омӯзгорони забони англисӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳайати 5 нафар бо роҳбарии намоянда аз Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо омӯзгорон ва толибилмони литсей баргузор гардид. Меҳмонон аввалан аз синфхонаҳои таълимӣ дидан намуданд. Сипас, ба ду  соат дарси хонандагони синфҳои 7 ва 9 ворид гардиданд.

Баъд аз ивази таҷриба ва таҳлилу баҳо додан ба кори ҳамдигар  дар байни меҳмонон ва хонандагони фаъоли литсей дар бинои таълимии №7 мубодилаи афкор сурат гирифт. Меҳмонон оид ба  пешвозгирӣ ва шароитҳои таҳсили хонандагони литсей таассуроти худро хуб арзёбӣ намуданд  ва ба забондонии муҳассилин баҳои баланд доданд.