Татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар литсей

 

Рӯзи 17 феврал аз рӯйи нақша-чорабиниҳои литсей оид ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” маҷлиси  умумилитсейии  падару модарон гузаронида шуд, ки масъалаҳои зеринро дар бар мегирифт:

1.Ҷамъбасти  нимсолаи  I-и соли таҳсили 2017-2018 (Гулмаҳмадов С.- муовини директор оид ба таълим)

2.Баррасии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 22.12.2017   (Султонов М.- муовини директор оид ба фаъолияти инноватсионӣ)

3.Маърӯза: “Мавқеи оила,  муассисаи таълимӣ дар ташаккули шахсияти кӯдак”  (Абдураҳмонова М.С.- роҳбари синфи 4 «А»)

4.Муаррифии кори омӯзгорони литсей бо журнали электронӣ (Разоқов Ф.-мутахассис оиди кор бо тестҳо ва журнали электронӣ)