Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ҶАШНИ МЕҲРГОН

Дар асоси Нақшаи солонаи литсей баҳри ташаккул додани маърифати экологии хонандагон, бедор намудани шавқу рағбати  онҳо нисбат ба соҳаи кишоварзӣ  санаи 20-уми октябр дар фазои кушодаи табиат зери дарахтони мевадиҳанда, ки  дар боғчаи таҷрибавии назди литсей шинонида шудааст,  Конфронси илмӣ – адабии «Меҳргон» дар мавзӯи: «Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист» бахшида ба солҳои 2020 - 2040Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.

 

Дар конференсия корҳои эҷодии хонандагон, озмуни расмҳои беҳтарин, саҳначаҳои ҷолиб  пешкаш карда шуда, инчунин иштирокчиён бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ оид ба хусусиятҳои  шифобахшии растаниҳо, меваҷоту сабзавот маълумот доданд.