Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ЗИННАТИ БОҒИ ҶАҲОНӢ, МОДАРАМ

Дар санаи 05.03.2021 мувофиқи нақшаи солонаи литсей бо мақсади зиёд намудани ҳурмату эҳтиром нисбати модар ва дарк кардани бузургии ӯ, дар бинои таълимии №2 – и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конференсияи адабӣ- бадеӣ таҳти унвони «Зиннати боғи ҷаҳонӣ, модарам» баргузор гардид. Чорабинӣ бо маърӯзаи хонандаи синфи 10 «В» Ҷангиев Абубакр дар мавзӯи «Ту бароям ганҷи бебаҳоӣ, модар» оғоз гардид. 

Сипас, суруди «Куҷоӣ, оча?» аз ҷониби Шукронаи Музаффар бо эҳсосоти баланде сароида шуд. Монологи «Номаи вопасини модар ба фарзанд» аз тарафи хонандаи синфи 8 «А» Гулзодаи Маҳмадулло бисёр таъсирбахш буд ва бо ҳаяҷону ҳиссиёти зиёд қироат карда шуд. Саҳначаҳои тарбиявии «Ҷашни Рӯзи модар дар хонаи Фармонбибӣ» аз ҷониби хонандагони синфи 10 «Б» ва саҳначаи «Умеди оча» аз ҷониби хонандагони синфи 11 «А» дар сатҳи баланд намоиш дода шуд. Инчунин,  сурудҳои «Модарам» бо забони англисӣ аз ҷониби хонандаи синфи 11 «Б»- Насиба Худоёрбекова, «Алла» бо шеваи бадахшонӣ аз ҷониби хонандагон Сангмамадова Сулҳия ва Шохалилова Амина сароида шуда, рақси испанӣ аз ҷониби хонандаи синфи 4 «Б» Чиниева Согдиана бо санъати баланди касбӣ иҷро гардид, ки ба тамошобинон хеле писанд омад. Аҳли толор бо қарсакҳои бардавом ба ҳунари Согдиана арзи эҳтиром гузоштанд. Дар қисмати тантанавии чорабинӣ директори литсей Маҳмадуллоев З.Н. бонувони литсейро бо Рӯзи модар муборакбод намуда, дар қисмати хотимавӣ муовини директор оид ба тарбия Қаюмова З.Н. чорабиниро таҳлил карда, ҷамъбаст намуданд.