Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ДАҲАИ ФАНҲОИ АСТРОНОМӢ – ФИЗИКӢ

Дар асоси нақша-чорабиниҳои иттиҳодияи методии фанҳои табиӣ - математикӣ ва литсейи  ДДТТ барои соли таҳсили 2020-2021   бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш  ва рушди  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»  аз 05.04 то14.04.2021   даҳаи  фанҳои  астрономӣ-физикӣ    гузаронида шуда истодааст, мутасаддии он омӯзгори фанни физика ва астрономия Сабзалиева Гулшод Ёралиевна мебошад. Дар рафти баргузории даҳаи фаннӣ  озмунҳои гуногун, аз қабили «Тасвири расмҳо дар рӯйи замин (асфалт)»  дар мавзӯи «Мо ва кайҳон» дар байни синфҳои  1-6 рӯзи 8.04.2021  дар саҳни литсей   ва  озмуни дигар  «Расмҳои беҳтарин»  дар мавзӯи  «Кайҳон аз назари кӯдакон»   рӯзи 5.04.2021  дар байни хонандагони  синфҳои 1-4  гузаронида  шуда, натиҷаи он аз тарафи ҳайати  ҳакамон  ҷамъбаст  карда  шуд.

 

Хонандагон бо   шавқу рағбати зиёд  хаёлоти худро оид ба коинот дар расмҳояш он тасвир намуданд ва  беҳтаринҳо  сазовори ҷойҳои ифтихорӣ  гардиданд. Инчунин рӯзҳои  7.04  ва 8.04.2021 ба хонандагони синфҳои 1-2  видеофилми дар мавзӯи  «Номи Ю.А.Гагарин   абадист»   тариқи тахтаи электронӣ намоиш дода шуд.