Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА

Тоҷикистон, сари ҳар санги ту бар ман Ватан аст,

Бари ҳар буттаи хори ту бароям чаман аст.

                                                                           Гулрухсор

Рӯз то рӯз саҳну гулгаштҳои Душанбешаҳр боз ҳам зеботару дилоротар мегардад. Маконҳои фарҳангию фароғатиаш ба инсон ҳаловати хоса мебахшад. Ин аст, ки ҳамасола “ҳафтаи Душанбешаҳр” таҷлил карда мешавад, ки симои Душанбешаҳрро ба куллӣ дигар мекунад.

Дар ин раванд литсейи ДДТТ бо як гурӯҳи хонандагони синфҳои болоӣ (9 - 11)  аз “Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон - Боғи Ирам” дидан намуданд. Сайру гашт ва дидан намудан аз марказҳои дилфиреби Душанбешаҳр ба хонандагон таъсири мусбат расонида, дар руҳияи онҳо ҳисси зебоипарастиро бедор менамояд.