Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ДАРСИ КУШОДИ НАМУНАВӢ

Ассалом, эй зи ҳама рӯйи ҷаҳон зеботар!

Ассалом, эй зи ҳама аҳли замон донотар!

Ин саломест, ки мо аз дилу ҷон овардем,

Туҳфа аз ҷон ба дили оламу одам кардем!

       Зери зам-замаи ин мисраъҳо дар синфи 5 «А» санаи 13.04.2021 аз тарафи омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Раҷабова Ниёзбибӣ Тағоевна бахшида ба бузургдошти Асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Садриддин Айнӣ дарси кушоди намунавӣ таҳти унвони «Ҳаёт ва фаъолияти адабии Садриддин Айнӣ» гузаронида шуд. дарс аз рӯйи низоми таълими босалоҳият гузаронида шуда, хонандагон ба се гурӯҳ: «Соктаре», «Ғиждувон» ва «Бухоро» ҷудо карда шуда буданд. Намояндагони гурӯҳҳо паҳлӯҳои ҳаёт ва фаъолияти адабии устодро бо шоҳбайтҳо, порчаҳои насрӣ, чистону рубоиҳо муаррифӣ намуданд. Дар дарс инчунин аз фигураҳои геометрӣ пайдо намудани рубоии дар оғози асари «Ёддоштҳо» ҷойдошта истифода бурда шуд, ки диққати хонандагонро бештар ҷалб намуда дар охир ба ҳадафи гузоштаи омӯзгор расиданд, яъне ҷавоби дурустро аз дохили фигураҳо пайдо карда, ба кадом жанри адабӣ мансуб будани онро кушоданд.