Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ҳамасола барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.

Дар соли таҳсили 2020 – 2021 озмуни номбурда дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки дар он хонандагони Литсейи ДДТТ низ иштирок доштанд. Боиси хушҳолист, ки аз миёни онҳо чаҳор нафар:

1. Иноятзода Умедҷон

2. Иноятзода Шаҳноза

3. Шамолова Нигора

4. Мамадризобеков Файёз

 

ба унвони "Гирандаи стипендияи раиси шаҳри Душанбе" мушарраф гардиданд, ки ин аз заҳмату талошҳои омӯзгорони фаннӣ дар литсей дарак медиҳад. Хонандагонро баҳри ба даст овардани ин унвони фахри табрику таҳният гуфта, баҳрашон хониши хубу аълоро дар таҳсили минбаъдаашон таманно мекунем.