Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ШОИРО, АЗ СӮХТАН ДОРӢ ХАБАР…

Рӯзи 3.05.2021 дар литсейи ДДТТ бахшида ба 110 – солагии яке аз чеҳраҳои маъруфи адабиёт, шоиру нависанда, тарҷумон, вассофи сулҳу дӯстӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар мавзӯи «Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар…»  мизи мудаввар гузаронида шуд. Дар чорабинӣ хонандагони синфҳои 4, 6, 7, 8 ва 10 иштирок намуданд.

 

Дар оғози чорабинӣ хонандагони синфҳои 7 «А» ва 9 «А» саҳнае аз достони «Писари Ватан»   и устод Мирзо Турсунзодаро манзури ҳозирин гардониданд. Хонандагон дар бораи паҳлӯҳои ҳаёту эҷодиёти шоир, сафарҳои ӯ ва унвону ҷоизаҳои устод маълумотҳои саҳеҳ доданд. Хонандагон дар охир аз эҷодиёти устод шеъру достонҳо қироат намуданд.