Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ДАҲАИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ЛИТСЕЙ

Даҳаи забонҳои хориҷӣ дар литсей аз рӯйи нақша чорабинии аз тарафи роҳбари иттиҳодияи методӣ мураттаб кардашуда аз санаи 10.05.2021 оғоз гардида то 21.05.2021 давом меёбад.

Даҳа барои омӯзгорони фаннӣ ва хонандагон монанди ид буда, тамоми машғулиятҳо (дарсҳо, чорабиниҳои беруназсинфӣ) ба таври кушод, бо шавқу завқи махсус гузаронида мешаванд.

 

    Мақсад ва вазифаҳои даҳаи фаннӣ:

Ø Дарёфти хонандагони болаёқат ва омода намудани шароити муфид барои эҷодкории онҳо.

Ø Ҷалби хонандагон ба эҷодиёти бадеӣ.

Ø Ташаккул додани маҳорату малакаҳои муошират.

Ø Васеъ намудани ҷаҳонибинии хонандагон дар доираи кишваршиносӣ (давлатҳое, ки бо забонхои хоричӣ: русӣ англисӣ муошират менамоянд);

Зиёд намудани меҳру муҳаббат нисбати расму оини ватани худ ва мамлакатҳое, ки забонашонро меомӯзем.