Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ВИКТОРИНА ДАР МАВЗӮИ «MY FAMILY» – «ОИЛАИ МАН»

Санаи 17.05.2021 байни хонандагони синфҳои 3 «А» ва 3 «Б» дар мавзӯи «My family» – яъне  «Оилаи ман» гузаронида шуд. Сароғоз доир ба «Оилаи ман» саволу ҷавоб гузаронида шуд. Ба воситаи тахтаи электронӣ бо сабтҳои гуногун видеоӣ нишон дода шуд.

 

Хонандагон бо саволҳои ҳархела бо ҳиссиёти баланду шавқу завқи беандоза ҷавоб додаанд. Ҳар як хонанда кӯшиш мекард, ки гурӯҳи ӯ ғолиби озмун гардад. Маълум гардид, ки ҳар ду синф бо тайёрии хуб ба озмун ҳозир шудаанд. Ғолибиятро бо гирифтани 10 хол хонандагони синфи 3 «Б» ба даст оварданд.