Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ДӮСТОНИ БОЛДОРИ МО

       «Агар ҳайвоноту парандагон аз байн раванд, ҳаёт якбора берангу бемазмун мегардад». Ҷавоҳирлал Неҳру.

        Дар таърихи 18.05.2021 дар литсейи ДДТТ бахшида ба таҷлили рӯзи парандагон Конфронси илмӣ – адабӣ дар мавзӯъи  «Мурғакон дар шохсорон зиндаанд» бо шукӯху шаҳомати хоса пешвоз гирифта шуд.

 

Мақсад аз баргузории ин ҷашн:

1.Татбиқи амалии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф».

№ 178 «Дар бораи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давраи то соли 2020.

2.Ташаккули таффакури экологии хонандагон, тарбияи муносибати эҳтёткорона ба табиат ва ҳифзи муҳити зист.