Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ЧОРАБИНИИ КУШОД ДАР МАВЗӮИ «НУРИ МАЪРИФАТ БА РӮЯМ БОЗ КАРД ОМӮЗГОР»

Дар таърихи 05.10.2021 – ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва арзишҳои маънавӣ чорабинии кушод таҳти унвони «Нури маърифат ба рӯям боз кард омӯзгор» бо шукӯҳу шаҳомати хоса  барпо гардид.Чорабиниро омӯзгорони иттиҳодияи методии фанҳои забонҳои хориҷӣ: русӣ ва англисӣ омода карданд. Барнома адабӣ бадеӣ буда аз саҳначаҳои ҳаҷвӣ, гуфтор, шеър, ғазал, суруд дар васфи шахсиятҳои нотакрор ва сарчашмаи илму маърифат иборат буд, ки аз ҷониби иштирокчиён бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шуд.Барандагони чорабинӣ хонандагони синфи 11  «Б» Тухтаров Амирҷон ва Мирзоалиева Миҷгона буданд, ки рафти чорабиниро хеле бомаҳорат идора карданд. Чорабинӣ бо суруди «Муаллим, муаллим, муаллим »   аз ҷониби хонандагони синфи 5 «А» оғоз гардид. Сипас намояндагони ҳар синф бо навбат ба саҳна баромада бо шеъру гуфтор омӯзгорони худро табрик намуданд.

 

 

Инчунин дар ин рӯз хонандагон ва омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бахшида ба рӯзи Забони далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҷолибе омода намуда, пешкаши ҳозирин гардониданд. Чорабинӣ бо барномаи консертӣ ҷамъбаст гардид.

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣтифли Шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

 

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба рӯзи омӯзгор ва рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии хотирмон баргузор гардид, ки дар оғози чорабинӣ Ректори Донишгоҳ Қурбонзода М.Р. омӯзгорони литсейро барои заҳматҳои шоёнашон дар соҳаи маориф, Қаюмова З.Н. бо Аълочии кооператсияи Матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мисайнова Г.М. ва Шукурова С.М. бо Ифтихорномаи Иттифоқи Тоҷикматлубот  сарфароз гардонид.