МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮЙИ ҶАҲИДАН БА ДАРОЗӢ ВА ТУРНИККАШӢ
![](/images/litcey/932.jpg)
Санаи 14.03.2022 дар литсейи ДДТТ бахшида ба ҷашни байналмилалии "Наврӯз" мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои ҷаҳидан ба дарозӣ ва турниккашӣ баргузор гардид. Дар мусобиқа хонандагони синфҳои 6 "А", 7 "А,Б", 8 "Б", 9 "А,Б", 10 "А,Б" фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа аз рӯи намуди ҷаҳидан ба дарозӣ:
Ҳасани Қурбоналӣ хонандаи синфи 9 "А" бо дарозии 4,9 сазовори ҷойи якум;
Маҳмадов Музаффар хонандаи синфи 10 "А" бо дарозии 3,99 сазовори ҷойи дуюм;
Назаров Самир хонандаи синфи 8 "Б" бо дарозии 3,94 сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Аз рӯи намуди турниккашӣ бошад:
Расулов Акрам хонандаи синфи 10 "Б" бо 21 маротиба сазовори ҷойи якум;
Мамадризобеков Фаяз хонандаи синфи 9 "Б" бо 19 маротиба сазовори ҷойи дуюм;
Маҳмадов Музаффар хонандаи синфи 10 "А" бо 17 маротиба сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
![](/images/litcey/933.jpg)
![](/images/litcey/934.jpg)
![](/images/litcey/935.jpg)
![](/images/litcey/936.jpg)
![](/images/litcey/937.jpg)
![](/images/litcey/938.jpg)
![](/images/litcey/939.jpg)
![](/images/litcey/940.jpg)
![](/images/litcey/941.jpg)
![](/images/litcey/942.jpg)
![](/images/litcey/943.jpg)
![](/images/litcey/944.jpg)