Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

БЕ КИТОБ ЭЙ ДӮСТОН БУНЁДИ МО НОРАВШАН АСТ...

Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз он ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ рӯзҳои 30, 31 – уми май дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28 – и ноҳияи Фирдавсӣ даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки хонандагони Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ аз рӯйи номинатсияи адабиёти бачагона ва адабиёти ҷаҳон иштирок намуданд.

Аз ҷумла

Сумаяи Фаридун хонандаи синфи 3 “А” – сазовори ҷойи дуюм;

Мирзоева Сафина хонандаи синфи 8 “А” – сазовори ҷойи дуюм;

Иғболова Мавлуда хонандаи синфи 9 “Б” – сазовори ҷойи сеюм;

ва Боймамадова Малвина хонандаи синфи 6 “А” – сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Инчунин Директори литсей Наботов С.Х. барои омода намудани хонандагони фаъол ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ гардиданд.

Маъмурияти литсей барои ғолибият ва иштирок дар даврҳои минбаъда ба шогирдон муваффақият хоҳонанд.