Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД…

Барои ҳар як шахси бо пешаи омӯзгорӣ сару кор гирифта маълум аст, ки беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ аз дуруст ба роҳ мондани чанд масъалаи асосии таълимиву тарбиявӣ, амсоли таъмини кадрҳои баландихтисос, мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникӣ, таъмини воситаҳои техникии муосир, кашфи лаёқати хонандагон ва омода намудани хонандагони болаёқат, навовар ва ихтироъкор, гузаронидани дарсҳо бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва техникаи муосир вобастагӣ дорад. Маҳз ҳамин рукнҳо ва талаботҳоро садорати литсейи донишгоҳи тиҷорат ва ҳайати омӯзгорони он ба ҳайси маҳаки асосии касби хеш дар таълими насли наврас қарор доданд ва дар муқоиса бо муассисаҳои дигари ҳамҷаворашон дар самти таълим ва тарбияи дуруст муваффақ низ гардиданд. Вале ҷои зикр аст, ки ин муваффақият барои литсей яку якбора муяссар нагардида, он маҳсули заҳмати шабонарӯзӣ ва масрафи нерӯи ақлониву ҷисмонии тамоми омӯзгорони ин боргоҳи тарбияту таълим буд. 

 

       Яке аз омилҳое, ки кори хуби таълиму тарбияи хонандагонро дар литсей таъмин мекунад, ин алоқаи доимӣ миёни Раёсати донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ва маъмурияти литсей мебошад, ки тамоми шароити хуби кору таҳсилро муҳайё кардаанд. Маҳсули чунин ҳамкорӣ аст, ки имрӯз тамоми чорабиниҳои беруназсинфӣ - конфронсҳо, семинарҳо, вохӯриҳо ва соири чорабиниҳо дар китобхонаи электронӣ ва толорҳои замонавии Донишгоҳ гузаронида мешаванд.

      Мусаллам аст, ки тамоми шароити таълиму тарбияро бидуни доштани омӯзгорони соҳибхирад ва олидараҷа тасаввур кардан аз имкон берун аст.  Аз ин хотир, баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар литсей, омӯзгорони баландихтисос ба тариқи озмун ба кор ҷалб карда мешаванд ва муваффақиятҳое, ки литсей дар тӯли фаъолияташ ба даст овардаст бе заҳмати пурсамари омӯзгорони соҳибтаҷриба ва донандаи касби худ ғайри имкон мебуд.  

     Қувваи бузургу муттаҳиди ин омӯзгорон буд, ки литсей ба дастовардҳои зиёде ноил гардид. Ҳамин тариқ ғолибияти хонандагон дар озмунҳои гуногуни ноҳиявӣ омӯзгоронро хурсанд карда бошад, муваффақияту дастболо гардидани хонандагон дар олимпиадаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ онҳоро даҳчанд рӯҳбаланд гардонид. Чунки ширкати хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии ҳамасолаи хонандагон, дохил шудани хонандагон ба муассисаҳои  олии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар омили пешравӣ дар кори омӯзгорон ба шумор рафта, аз бедории шавқу завқи хонандагон дар омӯзиши фанҳои дӯстдоштаашон дарак медиҳад. Дар ин самт нишондодҳо худ шоҳиди ҳоланд ва метавонанд гувоҳи заҳмати пурсамари ҳам омӯзгорон ва ҳам муҳассилин бошад.

   Таърихи литсей нишонгари он аст, ки шавқу завқи хонандагони он барои ширкат дар чорабиниҳои санҷиши донишу малака сол аз сол зиёд шуда истодааст. Дар ин ҷода ду тарафи масъаларо қайд кардан зарур аст, ки ҳар дуяшон ҳам барои фаъолияти литсей падидаи қобили таҳсин ба шумор мераванд. Яке, ин ки шумораи хонандагони хоҳиши иштирок дар озмунҳову олимпиадаҳои гуногун афзуда истодааст ва сониян, адади ғолибони ин озмунҳову олимпиадаҳо сол аз сол зиёд мешавад. Албатта, ин як навъ ченаки пешрафт ва рушди таълиму тарбияи литсей мебошад. Танҳо дар соли таҳсили имсола 128 нафар хонандагони синфҳои мухталифи литсей дар олимпиадаи  ноҳиявӣ  иштирок намуданд. Боиси ифтихор аст, ки се яки онҳо, яъне 27, 3 % (35 нафар)  хонандагони дар олимпиада ширкат дошта соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва  сеюм гардиданд.. Аз ҷумлаи ин 35 довталаби озмун 7 нафари онҳо, дар даври ниҳоии олимпиада (даври ҷумҳуриявӣ) ҳуқуқ иштирок карданро пайдо карданд.               

Дар ин миён Икромӣ Анушервон, Мирзозода Раббонӣ аз фанни алгебра, Абдуллои Иброҳим аз фанни ҳуқуқи инсон, Азиззода Абдулқодир аз фанни математика, Чиниева Согдиана аз фанни забони русӣ, Содиқова Ҳилола аз фанни забони англисӣ бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ба литсей баргаштанд.

     Яке аз амалҳое, ки ба анъанаҳои беҳтарини литсей табдил ёфта истодааст, ҳавасманд гардонидани ғолибони озмунҳо ва омӯзгороне, ки барои омодагии онҳо саҳмгузорӣ менамоянд. Мувофиқи ин анъанаи ҷолиб ва қадркунанда  дар литсей бо иштироки бевоситаи падару модарон хонандагони муваффақ, дастгирии раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, раёсати  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон хонандагон бо маблағҳи пулӣ дар ҳаҷми 1000 сомон ҷойи якум ва 800 сомон барои ҷойи сеюм ва 12 нафар омӯзгорон  барои барқарор намудани саломатӣ бо роҳхат ба осоишгоҳи Хоҷа-оби гарм қадрдонӣ гардиданд.

 Дар баробари олимпиадаҳо, хонандагони литсей дар дигар чорабиниҳо ва озмунҳое, ки дар ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд, иштироки фаъолона доранд.

Аз ҷумла;

ü 8 нафар хонандаи литсей гирандаи Стипендияи Президентӣ,

ü 17-нафар гирандаи Стипендияи Раиси шаҳр,

ü ду нафар ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат, (ноҳиявӣ)

ü 4 нафар ғолиби озмуни ҷумҳуриявии  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», (ноҳиявӣ)

ü 3 нафар ғолиб Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкорони наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе,

ü 10 нафар гирандаи Аттестати аълои таҳсилоти умумии асосӣ

Бо унвони донишҷӯи макотиби олии кишвар ва берун аз он сарфароз гардидани шогирдони литсей яке аз омилҳои баҳодиҳӣ ба сатҳи таълиму тарбия дар он мебошад. Шумораи хонандагони литсей, ки ҳарсола ба донишгоҳҳову донишкадаҳои мухталиф дохил мегарданд умеду орзуи омӯзгоронро амалишуда муаррифӣ намуда, барои ҷавонону духтарони синфҳои поёнӣ чун намунаи ибрат хизмат мекунад. Имсол литсейро 61 нафар хатм намуда аллакай  қисме аз онҳо ба  донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дохил гардиданд.

Маъмурият, омӯзгорон ва толибилмон ҳамаи ин дастовардҳоро чун тӯҳфа ва омодагӣ ба ҷашни бузурги 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  меҳисобанд.

 

Г.А. Ниёзбекова                      Мушовири Литсейи ДДТТ