Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН НАБОТЗОДА СИЁВУШ ХОЛМУРОД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ОМӮЗГОР

Омӯзгорони гиромиқадр!

        Аз рӯзи таъсисёбии Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 22 сол сипарӣ гашт. Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 22 сол  қабл  бо мақсади омода ва дар оянда қабул намудани хонандагони болаёқат ба муассисаҳои олии кишвар дар сохтори он литсейи назди донишгоҳро таъсис дод.

      Литсей зодаи истиқлолияти кишвар буда, коллективи он дар тӯли 22 сол тавонист, ки дар байни муассисаҳои таълимии кишвар мақоми хоса пайдо карда, онро ба яке аз марказҳои хуби тайёр намудани хонандагони болаёқат ва навовар табдил диҳад.

 

      Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар якҷоягӣ барои амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мустаҳкам намудани пояи моддӣ- техникӣ, ворид намудани техникаву технологияи нав  дар  раванди таълим, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани хонандагони болаёқат ва навовар ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватанпарастию меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ кӯшишу ғайрат ба харҷ дода, баҳри боз ҳам беҳтар гардидани шароитҳои таълим ва боло рафтани сатҳи дониши хонандагону зиндагии кормандони он тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонида истодаанд.

      Мо омӯзгорон аз он ифтихор дорем, ки хонандагони литсей ҳамасола дар олимпиада ва озмунҳои  ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён мегарданд ва обрӯи ҷумҳурии азизамонро дар байни муассисаҳои таълимии кишвар баланд мебардоранд.

      Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот итминони комил дорад, ки ҳайати  омӯзгорон ва хонандагони литсей баҳри афзун гардонидани комёбиҳо ва баланд бардоштани сатҳу  сифати таълим минбаъд низ кӯшишу ғайрат ба харҷ медиҳанд.

     Дар ин рӯзи фараҳбахш бо умеди дастовардҳои боз ҳам назарраси илмию омӯзгорӣ тамоми омӯзгорону хонандагони литсей ва устодони донишгоҳро, ки муассисаи таълимӣ як ҷузъи таркибии он маҳсуб меёбад, бо рӯзи Омӯзгор аз сидқи дил муборакбод намуда,  ба онҳо дар раванди таълиму тарбия ва татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» комёбиҳои беназир таманно дорам.