Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз он ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ рӯзҳои 30, 31 – уми май дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28 – и ноҳияи Фирдавсӣ даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки хонандагони Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ аз рӯйи номинатсияи адабиёти бачагона ва адабиёти ҷаҳон иштирок намуданд.

Таҷлили Рӯзи кӯдакон дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. Иди кӯдакон муборак!

Мо кӯдакони ин замон, фахр дорем аз он,

Ки хушбахти давронем , ояндасози Тоҷикистонем.

Мамлакатамон шавад обод, мардумаш бошад хурраму шод.

Табрик намоем ҳамагон, бо иди хуши кӯдакон.

Ҳувайдо бошад сулҳу амонӣ, осмони софу некномӣ.

Ҳамеша ояд аз ҳар як хона, хандаи ширини кӯдакона.

«Меваи ширин аст фарзанд», бузургон гуфтаанд ин панд.

Санаи 24.05.2022 дар "Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе" "Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагон" баргузор гардид, ки дар он хонандаи синфи 8-и "Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон" Раҳмонова Ибодат аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар даври шаҳрӣ сазовори ҷойи дуюм гардид.

«Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд»

Эмомалӣ Раҳмон

        Дар пайравӣ ба гуфтаҳои Президенти кишвар санаи 30.05.2022 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон роҳбари ҷавон ва навтаъини муассисаи номбурда бо хонандагони фаъоли литсей ҳамсуҳбат гардиданд. Дар ин вохӯрӣ гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, ғолибони олимпиадаи фаннии хонандагон, иштирокчиёни озмунҳои «Илм-фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва хатмкунандагони литсей ширкат доштанд.

Рӯзи 17 - уми майи соли 2022 дар гимназияи таълимии №74 шаҳри Душанбе даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм -фурӯғи маърифат" баргузор гардид .Дар озмуни мазкур 5 нафар хонанда аз литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ширкат варзиданд. Хушбахтона, як нафар хонандаи синфи 10- и "Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон" Ҳасанзода Ҷасур дар ин озмун иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид.