Ахборот ЛДДТТ
Боиси хушнудист, ки толибилми синфи 11-и литсейи ДДТТ Тағозода Мафтуна, ки дар олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанни химия сазовори ҷойи аввал гардида буд, имтиёз пайдо кард то дар озмуни шаҳрӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе дар соҳаи илмҳои дақиқ, техникӣ, табиӣ ва риёзӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар соли 2020, дар соҳаи химия иштирок намояд ва ғолиби дипломи дараҷаи III гардад.
Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолият, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад ва бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шудааст. Мувофиқи нақшаи солонаи литсей рӯзи 24 ноябри соли 2020 чорабинии умумилитсейӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи истиқлолият” гузаронида шуд.
Дар асоси Нақшаи солонаи литсей баҳри ташаккул додани маърифати экологии хонандагон, бедор намудани шавқу рағбати онҳо нисбат ба соҳаи кишоварзӣ санаи 20-уми октябр дар фазои кушодаи табиат – зери дарахтони мевадиҳанда, ки дар боғчаи таҷрибавии назди литсей шинонида шудааст, Конфронси илмӣ – адабии «Меҳргон» дар мавзӯи: «Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист» бахшида ба солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе, тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Низомномаи ягонаи озмуни "Омӯзгори Сол" аз рӯйи ихтисосҳо дар муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ - гимназияи # 74 - и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даври дуюм (ноҳиявӣ) - ии озмуни "Омӯзгори Сол" баргузор гардид. Дар озмуни мазкур аз литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 5 омӯзгор иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар санаи 02.10.2020 чун анъана дар литсей бахшида ба гиромидошти илму дониш ва арзишҳои маънавӣ «Рӯзи худидоракунӣ» ташкил ва гузаронида шуд.