Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Санаи 27.04.2022 дар литсейи ДДТТ оиди иҷрои "Барномаи комплексии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025" даҳаи фанҳои биология- экология гузаронида шуда истодааст. Яке аз қисматҳои ин чорабинӣ тасвир кардани манзараҳои табиат дар мумфарш мебошад. Аз тарафи хонандагони синфҳои 1-4 хело хуб ва дар сатҳи баланд ичро карда шуд, ки хонандагони синфҳои 2 "А", 4 "А" сазовори ҷойи якум, синфҳои 2 "Б", 3 "А",1 "Б" сазовори чойи дуюм ва синфҳои 1 "А", 4 "Б", 3 "Б" сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,

Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.

Суратгузориш аз чорабинии "Рузи Китоб" дар Литсейи Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистон.

Баромади хонандагони синфи 3 "А"

Мувофиқи ҷадвали дарсҳои кушод дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарси намунавӣ аз фанни табиатшиносӣ дар синфи 4”А” дар мавзӯи “Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар кишвари мо” гузаронида шуд.

Мувофиқи нақшаи иттиҳодияи методии фанҳои забонҳои хориҷӣ дар санаи 28.04.2022 дар байни синфҳои 3 "А"ва 3 "Б" дарс_мусобиқа дар мавзӯи "My family is my life " бо истифода аз руи таълими низоми босалоҳият бо истифода тахтаи интерактивӣ гузаронида шуд .Хонандагони хар ду синф фаъолияти баланд нишон доданд.

Дар санаи 25.04.2022 дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар синфи 9 «Б» бо роҳбарии роҳбари синф Раҳмонова М.Э. соати тарбиявӣ дар мавзӯи «Вода источник жизни» гузаронида шуд. Синфхона бо «порахои абр», «қатрахои об», «борон», «дарё», расмҳои шаршарахо оро дода шуда буд, ки бо баробари ворид шудан ба табъи иштирокчиён таъсир мерасонид. Машғулият бо усули гурӯхбанди гузаронида шуд. Хонандагон ба гурӯҳҳои «Знатоки», «Ученые», «Экологи» ва «Ученики» тақсим шуда фикру ақидахояшонро нисбати мавзӯ бо тасвирҳо, зарбулмасалу гуфторҳо, панду андарз, ҳикояву масал баён намуданд.