Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

         Санаи 17.02.2022 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба 29 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Ватан то ман сазовори ту бошам” дар байни хонандагони синфҳои 9 – 11 гузаронида шуд, ки хонандагон оиди мавзӯъ андешаҳои ҷолибе пешниҳод намуданд.

         Санаи 30.01.2022 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе олимпиадаи 61 – уми физикӣ – математикии Донишкадаи физикӣ – техникии шаҳри Маскав гузаронида шуд.

         Дар ин озмун хонандаи синфи 8 “А” – и литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Абдураҳмонзода Фотеҳ аз фанни физика иштирок намуда, соҳиби Дипломи дараҷаи 2 гардид.

Дар асоси нақшаи солонаи тарбиявии литсей рӯзи 11.02.2022 бахшида ба таҷлили 29 – солагии таҷлили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни хонандагони синфҳои 5 – 11 озмуни “Рӯзномаҳои девории беҳтарин” дар мавзӯи “Мо ҳимоягари Ватанем” гузаронида шуд. Озмун аз ҷониби аъзои ҳакамон ҷамъбаст карда шуда, ғолибон муайян карда шуданд.

         Санаи 11.02.2022 мувофиқи ҷадвали дарсҳои намунавӣ дар синфи 1 “Б” аз фанни забони русӣ дарси намунавӣ дар мавзӯи “Любимые писатели” бо низоми муносибати босалоҳият ба таълим гузаронида шуд.

         Дар асоси нақшаи солонаи тарбиявии литсей санаи 10.02.2022 бахшида ба таҷлили 29 – солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни “Расмҳои беҳтарин” дар мавзӯи “Мо Ватандорем” дар байни хонандагони синфҳои 1 – 4 гузаронида шуд.