Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Бо мақсади мустаҳкам намудани тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии наврасон бо ташаббуси маъмурияти литсей ва бо роҳбарии омӯзгори фанни омодагии ибтидоии ҳарбии литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии мактаббачагон бо хизматчиёни ҳарбӣ ва шиносоии онҳо бо шароити хизмат, фароғату зиндагии сарбозон дар қисми ҳарбии 051055 ташкил карда шуд. Дар майдони сафороии қисми ҳарбӣ мактаббачагонро ба гурӯҳҳо ҷудо карда, ба онҳо барои маълумот ва шиносоии бештар як нафарӣ аз афсарони қисми ҳарбӣ вобаста гардид. Муаррифии қисми ҳарбӣ аз лавҳаи хотиравии сарбозон оғоз гардид.

Дар таърихи 12.04.2022 бахшида ба таҷлили рӯзи Пойтахт дар байни хонандагони синфҳои 5 6 озмуни  байтбарак гузаронида шуд, ки хонандагони синфи 6 ум ғолибият ба даст оварданд.

Дар асоси нақшаи солонаи литсей дар соли таҳсили 2021 – 2022 аз санаи 01.04.2022 то 13.04.2022 бахшида ба Рӯзи “Кайҳонавардон” даҳаи астрономӣ – физикӣ гузаронида шуд. Дар гузаронидани чорабинӣ хонандагони синфҳои 1 – 11 фаъолияти хуб нишон доданд.

Дар санаи 12.04.2022 ду нафар профессорони Донишгоҳи Гарвард  Ҷенет Скофилд ва  Доуглас Скофилд ба  литсей ташриф оварда бо хонандагон вохӯрӣ гузарониданд. Сараввал  профессор Ҷеннет Скофилд, ки худ зодаи шаҳри Боулдер  иёлоти Колорадо, ИМА аст дар бораи ин шаҳри зебо,табиат, ҳайвонҳои нодир, канданиҳои фоиданок, иқлим,муассисаҳои таълимӣ ,  ҷойҳои тамошобоб як соат дарси кушод гузаронид.. Ба хонандагон зиёдтар  Китобхонаи ҷамъиятии Боулдер  ва чойхонаи Боулдер- Душанбе хеле писанд омад.

4 – уми апрели соли ҷорӣ дар Кохи Суруш маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ – риёзӣ барои хонандагони синфи 11 доир гардид, ки хонандаи синфи 11 – и литсей Икромӣ Анушервон аз фанни математика сазовори ҷойи дуюм гардида бо Ифтихорнома ва медали нуқра қадрдонӣ карда шуд Ин дастовард барои хонандагони литсей боз як намунаи амалӣ гардонидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” маҳсуб меёбад.