Ахборот ЛДДТТ
![](/images/litcey/945.jpg)
Санаи 15.03.2022 дар литсейи ДДТТ бахшида ба ҷашни байналмилалии "Наврӯз" мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намуди тениси рӯйи мизӣ баргузор гардид. Дар мусобиқа хонандагони синфҳои 5 – 11 фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа дар байни хонандагони синфҳои 5 – 8:
Шарипов Меҳрубон хонандаи синфи 7 "Б" сазовори ҷойи якум;
Бақоев Абубакр хонандаи синфи 6 "А" сазовори ҷойи дуюм;
Раҳмонов Акбар хонандаи синфи 8 "Б" сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар байни хонандагони синфҳои 9 – 11 бошад:
Ҳабибов Беҳруз хонандаи синфи 11 "А" сазовори ҷойи якум;
Ашурзода Мизроб хонандаи синфи 9 "А" сазовори ҷойи дуюм;
Қурбонов Наҷибулло хонандаи синфи 11 "А" сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
![](/images/litcey/932.jpg)
Санаи 14.03.2022 дар литсейи ДДТТ бахшида ба ҷашни байналмилалии "Наврӯз" мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои ҷаҳидан ба дарозӣ ва турниккашӣ баргузор гардид. Дар мусобиқа хонандагони синфҳои 6 "А", 7 "А,Б", 8 "Б", 9 "А,Б", 10 "А,Б" фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа аз рӯи намуди ҷаҳидан ба дарозӣ:
Ҳасани Қурбоналӣ хонандаи синфи 9 "А" бо дарозии 4,9 сазовори ҷойи якум;
Маҳмадов Музаффар хонандаи синфи 10 "А" бо дарозии 3,99 сазовори ҷойи дуюм;
Назаров Самир хонандаи синфи 8 "Б" бо дарозии 3,94 сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Аз рӯи намуди турниккашӣ бошад:
Расулов Акрам хонандаи синфи 10 "Б" бо 21 маротиба сазовори ҷойи якум;
Мамадризобеков Фаяз хонандаи синфи 9 "Б" бо 19 маротиба сазовори ҷойи дуюм;
Маҳмадов Музаффар хонандаи синфи 10 "А" бо 17 маротиба сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
![](/images/litcey/909.jpg)
Дар санаи 10.03.2022 бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ озмуни “Тоҷикистон ватани Наврӯз аст” дар байни хонандагони синфҳои 5 – 11 гузаронида шуд, ки дар умум 26 нафар хонандагон иштирок намуданд.
![](/images/litcey/931.jpg)
Дар санаи 11.03.2022 дар литсей бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ озмуни “Иншои беҳтарин” дар байни хонандагони синфҳои 2 – 11 дар мавзӯи “Наврӯз ҷаҳонӣ шуд” гузаронида шуд, ки 70 нафар хонандагон – 35 нафар аз гурӯҳҳои русӣ ва 35 нафар аз гурӯҳҳои тоҷикӣ иштирок намуда, маҳорати фикрронии худро сайқал доданд. Ғолибони озмун дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ сарфароз гардонида мешаванд.
![](/images/litcey/894.jpg)
Дар санаи 10.03.2022 бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ озмуни “Расми беҳтарин” дар мавзӯи “Оғӯш пур аз ёсуман, хуш омадӣ Наврӯзи ман” дар байни хонандагони синфҳои 1 – 4 гузаронида шуд, ки дар умум 30 нафар хонандагон иштирок намуда, маҳорати баёни фикрро тариқи кашидани расм нишон доданд.