Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

3 – уми октябри соли ҷорӣ дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои дарёфт ва рушди истеъдодҳо даври аввали олимпиадаҳои фаннии дохилилитсейӣ барои хонандагони синфҳои 4-11 оғоз гардид. Барои иштирок дар даври аввал дар маҷмуъ, 300 нафар хонанда аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ номнавис гардиданд.

 

Агар фардои  меҳанро биҷӯйи,

Биёб аз файзи эҳсони муаллим...

Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд. Касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ӯ ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ, ва шинохти оламу одамро меомӯзад.

Бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани шогирдони соҳибмаърифат яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад.

Боиси хурсандӣ аст, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар сафи олимони дараҷаи илмӣ дошта рӯ ба афзоиш аст. Кадрҳои илмии ояндадору донишманди ин боргоҳи илму маърифат дар мавзӯъҳои гуногуни илмӣ рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя менамоянд.

Аз ҷумла, 3-юми сентябри соли 2022 омӯзгори калони кафедраи менеҷмент Мумтоз Назирӣ дар Шӯрои муштараки диссертатсионии КОА 999.031.03-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Руссияву-Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “СОВЕРШЕНСТВОВАНИЕ МЕХАНИЗМА ОБЕСПЕЧЕНИЯ УЧРЕДЖДЕНИЙ ВЫСШЕГО ПРОФЕССИОНАЛЬНОГО ОБРАЗОВАНИЯ КАДРОВЫМ ПОТЕНЦИАЛОМ НА РЫНКЕ ОБРАЗОВАТЕЛЬНЫХ УСЛУГ» (на материалах Республики Таджикистан) бомуваффақият рисолаи номзадиро ҳимоя намуд.

Маъмурият, ҳайати омӯзгорону кормандон ва хонандагони литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мумтоз Назировнаро бо ин дастоварди илмӣ самимона шодбош гуфта, ба ӯ дар идомаи фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ барору комёбӣ орзу менамоянд.

Омӯзгорони гиромиқадр!

        Аз рӯзи таъсисёбии Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 22 сол сипарӣ гашт. Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 22 сол  қабл  бо мақсади омода ва дар оянда қабул намудани хонандагони болаёқат ба муассисаҳои олии кишвар дар сохтори он литсейи назди донишгоҳро таъсис дод.

      Литсей зодаи истиқлолияти кишвар буда, коллективи он дар тӯли 22 сол тавонист, ки дар байни муассисаҳои таълимии кишвар мақоми хоса пайдо карда, онро ба яке аз марказҳои хуби тайёр намудани хонандагони болаёқат ва навовар табдил диҳад.

Санаи 01.09.2022 бахшида ба Рӯзи дониш дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон занги аввал садо дод. Беш аз 70 нафар кӯдакон бори аввал ба литсей қадам гузоштанд.

         Имсол низ дар ин рӯз чун анъана дар литсей ҷамълмади идона баргузор гардид. Омӯзгорон ва хонандагони литсей рӯзи нахустини соли нави донишро ба Дарси сулҳ оғоз намуданд.