Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Санаи 3.03.2022 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои 4 “А” ва 4 “Б” викторина бахшида ба Рӯзи Модар дар мавзӯи “Меҳрубоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш Модар аст” гузаронида шуд.

Санаи 2.03.2022 дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарси намунавии тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар мавзӯи “Модар фаришта буд” бо иштироки хонандагони синфи 3 “А” гузаронида шуд.

Санаи 25.02.2022 дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар дар байни хонандагони синфҳои 1 – 6 озмуни “Кашидани расмҳои беҳтарин” дар мавзӯи “Ман модарамро дӯст медорам” гузаронида шуд.

Илме, ки дар он амал набошад,

Ҷуз арбадаву ҷадал набошад.

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

Омӯхтани илму маърифат мунаввар кардани фардои ҳаёт аст. Бе илм наметавон фарзанд тарбия кард. Дар масири омӯхтани илм ва тарбияи фарзанд санаи 02.03.2022 дар литсей маҷлиси умумии падару модар баргузор гардид, ки 90 % - и падару модарон иштирок доштанд. Падару модароне, ки бо литсей робитаи доимӣ дошта, фарзандонашон бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, бо Сипоснома қадрдонӣ карда шудан.

Санаи 23.02.2022 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конференсияи адабии бадеӣ бахшида ба 29 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тооҷикистон дар мавзӯи “Сипари марзи Ватан ояти мардонагӣ аст” гузаронида шуд. Хонандагон бо барномаи омоданамудаи худ хотири ҳозиринро шод гардониданд.