Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

         Санаи 11.02.2022 мувофиқи ҷадвали дарсҳои намунавӣ дар синфи 1 “Б” аз фанни забони русӣ дарси намунавӣ дар мавзӯи “Любимые писатели” бо низоми муносибати босалоҳият ба таълим гузаронида шуд.

Дар асоси нақшаи солонаи тарбиявии литсей рӯзи 11.02.2022 бахшида ба таҷлили 29 – солагии таҷлили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни хонандагони синфҳои 5 – 11 озмуни “Рӯзномаҳои девории беҳтарин” дар мавзӯи “Мо ҳимоягари Ватанем” гузаронида шуд. Озмун аз ҷониби аъзои ҳакамон ҷамъбаст карда шуда, ғолибон муайян карда шуданд.

         Мувофиқи Нақша – чорабинии литсейи ДДТТ дар таърихи 08.02.2022 бахшида ба таҷлили 29 – солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни хонандагон синфҳои 1 – 4 озмуни “Тасвири намудани расм дар рӯйи Асфалт” дар мавзӯи “Қувваҳои мусаллаҳ аз нигоҳи кӯдакон” гузаронида шуд. Хонандагон бо шавқу рағбати зиёд дар озмун иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

         Дар асоси нақшаи солонаи тарбиявии литсей санаи 10.02.2022 бахшида ба таҷлили 29 – солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни “Расмҳои беҳтарин” дар мавзӯи “Мо Ватандорем” дар байни хонандагони синфҳои 1 – 4 гузаронида шуд.

Рӯзҳои 26.01.2022 ва 27.01.2022 дар литсей даври дуюми интихобии  озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»   дар байни хонандагони синфҳои 2 – 10 гузаронида шуд. Дар ин давр 33 нафар хонандагоне, ки дар даври аввали озмун иштирок намуда, ба даври дуюми интихобии озмун роҳхат гирифта буданд иштирок намуда, 6 нафар хонанда ба даврҳои минбаъда роҳхат гирифтанд:

1.    Иғболова Мавлуда – хонандаи синфи 9 «Б»  аз рӯйи номинатсияи 

хондан ва аз ёд намудани адабиёти љаҳон

2.    Абдурашитова Фаришта – хонандаи синфи 7 «Б» аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд намудани адабиёти бачагона

3.    Мирзоева Сафина-хонандаи синфи 8 «А» аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд намудани адабиёти бачагона

4.    Акрамов Фарҳод – хонандаи синфи 3 «Б» аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд намудани адабиёти бачагона

5.    Боймамадова Малвина- хонандаи синфи 6 «А» аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд намудани адабиёти бачагона

6.    Сумаяи Фаридун – хонандаи синфи 3 «А» аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд намудани адабиёти бачагона