Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

1 – уми сентябр Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

Ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаҳои олии кишвар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Имсол якуми сентябр Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо иштирок ва суханронии Пешвои миллат дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино доир гардид.Дар литсей хонандагони синфҳои болоӣ суханронии сарвари давлатро тариқи сабти мустақими шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд. Хонандагони синфҳои поёнӣ чорабинии хотирмон бо иштироки хонандагони синфи 1 – ум дар мавзӯи “Мо толиби суҳем” гузарониданд, ки бо суруду рақсҳои дилнишини худ хотири ҳозиринро шод гардониданд.