Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ЧОРАБИНИИ КУШОД БАХШИДА БА ИФТИТОҲИ ДАРОМАДГОҲИ НАВИ ЗАМОНАВИИ ЛИТСЕЙ ДАР МАВЗӮИ «МАҲФИЛИ НУР»

Ассалом, эй зи ҳама аҳли ҷаҳон зеботар,

Ассалом, эй зи ҳама аҳли замон донотар.

Дуруду паёми бепоён ба аҳли илму маориф, бар аҳли зиё, бар ҳама иштирокдорони ҷамъомади имрӯза !

 

Бо чунин мисраҳои шеърӣ оғоз гардид чорабинии умумилитсейӣ, ки ба ифтитоҳи кушодашавии даромадгоҳи замонавии литсей бахшида шуда буд. Боиси ифтихору шодмонӣ ва фараҳмандист, ки  бо дастгирии Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Точикистон ва Маъмурияти литсей кушодашавии ин даромадгоҳи барҳавою замонавии толибилмони хуштолеъ ба Рӯзи омӯзгорон рост омад.