Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

«РӮЗИ ХУДИДОРАКУНӢ» ДАР ЛИТСЕЙИ ДДТТБАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР

 

Бо мақсади ҷалби хонандагон ба  роҳбарӣ ва интихоби дурусти касбҳо дар литсей  Рӯзи худидоракунӣ, бахшида ба Рӯзи омӯзгор 5.10.2018 ташкил ва гузаронида шуд. Пас аз ба итмом расидани дарсҳо хонандагони дарсгузаронида бо ҳамроҳии устодони худ дар толори маҷлисгоҳ ҷамъ омада, таассуроти хешро оид ба дарси аввалинашон баён намуданд ва иқрор шуданд, ки омӯзгорӣ касби сермашаққат будааст.

Худидоракунӣ дар литсей мақсаднок гузаронида шуд ва барои хатмкунандагон таҷрибаи калоне буд, ки дар ҳаёти оянда ҳатман ба кор меояд.