Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ФАРҲАНГИ РӮЗҒОРДОРӢ

Дар литсейи ДДТТ бахшида ба бузургдошти Рӯзи модарон   аз ҷониби Шӯрои духтарони литсей озмуни  «Фарҳанги рӯзғордорӣ» баргузор гардид.

 Дар озмун духтарони синфҳои 2-11 иштирок намуда, аз рӯйи шартҳои муҳими озмун аз қабилӣ: ороиши мизи омӯзгор ва тахтаи синф, омода кардани дастагул аз қоғаз ва дигар ашёҳои нолозима,  қироати порчаҳои шеърӣ, ғазал ва тарона дар васфи модар, ҳозирҷавобӣ ба саволҳои мантиқӣ,  саҳнача, рақс ва  хондани суруди аввалини модар ба тифл ҳунарнамоӣ намуданд.

Мақсад аз баргузории чунин озмун ин муайян намудани малакаву маҳорат ва сайқал додани кадбонугии духтарон мебошад.