Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ШОҲНОМАХОНӢ

Дар арсаи байналмилалӣ ҳар як халқу миллатро аз рӯйи фарҳанг ва тамаддуни бузургаш мешиносанду қадр менамоянд. Бисёре аз бузургон дар саҳифаҳои таърих мавқеъ гирифтаанд. Яке аз онҳо Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки бо асари безаволи худ “Шоҳнома” машҳури олам гардидааст. “Шоҳнома”, ки асари безаволи Фирдавсӣ ба ҳисоб меравад, имрӯзҳо ҳаводорони зиёдеро дорад. Ҳукумати кишвар ба хотири пос доштани фарҳанг ва таърихи гузашта миёни мардум озмуни “Шоҳнома” – хониро ба роҳ мондааст, ки ҳамасола дар сатҳи ҷумҳуриявӣ таҷлил карда мешавад.

Дар таърихи рӯзи 16.02.2021 дар литсей озмуни “Шоҳномахонӣ” миёни хонандагони синфҳои 4 то 10 баргузор гардид. Озмун бевосита аз ҷониби иттиҳодияи фанҳои ҷамъиятӣ гуманитарӣ ба нақша гирифта, гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ 17 хонанда дар озмун иштирок карда, порчаҳои “Шоҳнома” – ро аз достонҳои гуногуни он қироат карданд.

 

Дар охир ҳайати комиссия ба тариқи зайл озмунро ҷамъбаст карда ғолибонро муайян карданд:

Миёни синфҳои 4 то 7.

1.     Раҳмонова Ибодат хонандаи синфи 7 “А”

2.     Файзуллозода Абубакр хонандаи синфи 5 “А”

3.     Худойназаров Идрис хонандаи синфи 5 “А”

Миёни синфҳои 8 то 10.

1.     Гулзодаи Маҳмадулло хонандаи синфи 8 “А”

2.     Раҳимов Ҳусниддин хонандаи синфи 8 “А”

3.     Наҷмиддинов Шаҳриёр хонандаи синфи 8 “А”