Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

МАҶЛИСИ УМУМИЛИТСЕЙИИ ПАДАРУ МОДАРОН

           Санаи 13.03.2021 дар толори маҷлисгоҳ воқеъ дар бинои таълимии №2-и  донишгоҳ љињати татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Консепсияи миллии тарбия  маҷлиси умумилитсейии падару модарон гузаронида шуд.

Рӯзномаи  маҷлис аз  масъалаҳои зерин иборат буд:

·       Баррасии Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.20021 оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф  гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;

·       Татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар литсей;

·       “Мақоми оила дар тарбияи фарзанд” - маърӯзаи роҳбари Созмони хонандагони литсей;

·       Масъалаҳои ҷорӣ.

Дар маҷлиси умумилитсейӣ 334 нафар  падару модарон иштирок карданд.

Ҳангоми баррасии масъалаҳо падару модарон низ ба музокира баромада, фикру андешаҳои худро оид ба таълиму тарбия  ва татбиқи амалии Қонуни мазкур  иброз намуданд.  Аз ҷумла, Гулова Зарина-раиси кумитаи падару модарони литсей баромад намуда, фаъолияти таълиму тарбияро дар литсей қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Аз тарафи маъмурияти литсей инчунин таъкид карда шуд, ки падару модаронро зарур аст, ки ҳангоми  истифода аз шабакаи байналмилалии интернет, махсусан аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо ин роҳҳо шомил нагардидани фарзандонро ба гурӯҳҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ зери назорати қатъӣ гиранд.

Дар ҷамъбасти маҷлис хонандагоне, ки нимсолаи аввали соли таҳсилро бо баҳои аъло ва рафтори намунавӣ ҷамъбаст намудаанд, бо Ифтихорнома ва падару модарони онҳо бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.