Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

НАВРӮЗ ДОСТОНИ ЗЕБОИСТ

Имсол  Наврӯзи байналмилалии литсей дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 19-уми марти соли 2021 гузаронида шуд.

Ҷамъомади тантанавӣ нахуст бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат оғоз гардид.  

Сипас, барномаи фарҳангии чорабинӣ пешкаши омӯзгорону муҳассилин гардонида шуд.  Композитзияи баҳорӣ, ки дар он хонандагони  литсей бо  либосҳои  миллии чакану адрас иштироки фаъол доштанд, ба ҳусни маърака зобоии тозае бахшид.

Дар идомаи ҷамъомад як гурӯҳ омӯзгорону кормандони фаъол   бо мукофотҳо ҳавасманд гардонида шуданд. Аз ҷумла, барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз Пулотов Шараф-омӯзгори фанни таърихи литсей бо нишони   Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Султонова Орзу-омӯзгори фанни забони англисӣ, Абдураҳимова Ҳанифа, Бердибекова  Оиша-омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

        Қайд кардан бамаврид аст, ки мувофиқи нақшаи таҳиягардида бахшида ба ин ҷашни байналмилалӣ озмунҳои «Расми беҳтарин», «Рӯзномаи девории беҳтарин» гузаронида шуда, ғолибон муайян карда шуданд. Инчунин, тибқи нақша суҳбатҳо ва соатҳои тарбиявӣ дар мавзӯъҳои «Тоҷикистон- ватани   Наврӯз аст»-синфи 8 «А», «Ассалом, эй пайки наврӯзӣ,  баҳори хушхиром» -синфи 10 «А», «Сад шукр, ки бар давлати Наврӯз расидем»-синфи  11 «А», «История  Навруза»-синфи 9 «Б», «Навруз – символ  весны»-синфи 11 «Б» гузаронида шуданд.