Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ОЗМУНИ “РАСМИ БЕҲТАРИН” БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА

80 сол пеш мардуми Шӯравӣ баҳри ҳифзи Ватан бархоста 08.05.1945 ба Олмони фашистӣ ғалаба карданд. Дар баробари дигар миллатҳо 300 ҳазор тоҷику тоҷикистонӣ дар ин ҷанг ширкат карда 54 нафарашон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд.

Бар хати марзи Ватан хокам кунед,

То шавад санги мазорам сангаре.

 

Бахшида ба иди Ғалаба дар литсейи ДДТТ низ баҳри бузургдошти ин ҳафтаи поси хотир нақша – чорабинӣ тартиб дода шуда, якчанд озмунҳо гузаронида шуд.

Мувофиқи нақша – чорабинӣ дар таърихи 05.05.2021 дар синфхонаи математика байни хонандагони синфҳои 2 – 6 озмуни “РАСМИ БЕҲТАРИН” бахшида ба иди Ғалаба гузаронида шуд. Дар озмун ҷамъ 28 нафар ширкат варзинданд. Расмҳои беҳтарин дар тахтаи “поси хотир” дар саҳни роҳрави литсей насб карда шуданд.