Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

Дар Литсейи ДДТТ аз тарафи иттиҳодияи методии фанҳои табиӣ-математикӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Такмил додани дониши хонандагон бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим" бо иштироки васеъи омӯзгорон гузаронида шуд.

Мақсади гузаронидани семинари мазкур:

- Пешниҳод намудани супоришҳои иловагӣ ба хонандагони фаъол ва ҷалби онҳо барои боз ҳам амиқтар омӯхтани барномаи таълимӣ.

- Ҳамаҷониба андешидани тадбирҳо баҳри баланд бардоштани муваффақиятҳои хонандагон дар таҳсил, сифати дониш, маҳорат ва малакаи онҳо. Таъмини ягонагии талаботи коллективӣ педагогӣ оид ба пешгирии сустхонии хонандагон ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи онҳо.