Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

САВОД ОРАД БА ИНСОН БАХТУ ШОДӢ

Хушбахтона фарорасии соли нави таҳсили 2021-2022 ба ҷашнвораи пуршукӯҳи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муссисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорон дарси аввалини худро бо номи сулҳу дониш оғоз менамоянд. Сулҳ шоистатарин неъмати рӯи Замин буда, барои ҳар як инсон чун обу ҳаво лозим аст. Хоби ором, хандаи кӯдакон, ҳузуру ҳаловати одамон ва орзуҳои неки ҳар як фард, ҳама маҳз аз сулҳу амонӣ бар меоянд.

 

Бо ҳамин хотир омӯзгорони Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тамоми мардуми ҷумҳурӣ ба хусус падару модароне, ки фарзандонашон аввалин қадамҳои мубораки худро ба даргоҳи илму маърифат мегузоранд ба ин рӯзҳои фаромӯшнашаванда, яъне оғози соли нави таҳсили 2021-2022 ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, осмони соф, рӯзгори хушу бобаракатро таманно дорем.

Таманнои онро дорем, ки ҷавонони мо ба қадри сулҳу ваҳдат, осмони софу беғубори диёри офтобии хеш бирасанд.