Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"

Санаи 26.10.2021 дар шаҳри Душанбе маросими ҳавасмандгардонии даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" ба таври тантанавӣ баргузор гардид. Дар озмуни мазкур хонандаи Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Икромӣ Анушервон сазовори ҷойи дуюм гардида, бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Ин дастовард ва пирӯзии навбатиро ба ҳайати омӯзгорони литсей ва ғолиб муборакбод мегӯем.