Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ДАВРИ ЯКУМИ ОЛИМПИАДАИ “SPELLING BEE – 2021”

Дар санаи 26.11.2021 бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши забони англисӣ ва ҷалби онҳо ба олимпиадаҳои байналмиллалӣ дар самти татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” даври якуми олимпиадаи “Spelling Bee – 2021”  дар байни хонандагони синфҳои 5 – 7 гузаронида шуд. Аз байни 26 нафар хонандагон 4 нафар хонандагон ғолиб омада, бо сертификатҳо сарфароз гардонида шуданд ва ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Ҷойи аввал – Фарҳод Муслиҳиддин (синфи 6);

Ҷойи дуюм – Содиқова Ҳилола (синфи 5);

Ҷойи сеюм – Ғафуров Беҳруз (синфи 7);

Ҷойи сеюм – Қурбонов Ҳофиз (синфи 6);