Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ХУШХАБАР

         Санаи 30.01.2022 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе олимпиадаи 61 – уми физикӣ – математикии Донишкадаи физикӣ – техникии шаҳри Маскав гузаронида шуд.

         Дар ин озмун хонандаи синфи 8 “А” – и литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Абдураҳмонзода Фотеҳ аз фанни физика иштирок намуда, соҳиби Дипломи дараҷаи 2 гардид.