Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ВАТАН ТО МАН САЗОВОРИ ТУ БОШАМ

         Санаи 17.02.2022 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба 29 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Ватан то ман сазовори ту бошам” дар байни хонандагони синфҳои 9 – 11 гузаронида шуд, ки хонандагон оиди мавзӯъ андешаҳои ҷолибе пешниҳод намуданд.