Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ДОНО БА ҶАҲОН БА ҚУЛЛАИ БАХТ РАСАД...

Кӯдакони болаёқат захираи    

тиллоии миллат мебошанд.     

Эмомалӣ Раҳмон

Мувофиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз санаи 01.04.2022 то 10.04.2022 дар бинои Муассисаи давлатии Маркази таҳлилӣ- иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе озмуни довталабони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки хонандагони литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ин озмун фаъолона  иштирок намуданд. Дар натиҷа 17 нафар хонандагони литсей бо ба даст овардани холҳои баланд Гирандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2021-2022 гардиданд.

 

Санаи 16.04.2022 дар толори «Кохи Суруш» чорабинии тантанавӣ бахшида Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» баргузор  гардид, ки дар ҷараёни он ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои мухталиф доир шуд.
Инчунин 17 нафар хонандагони  зерини литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки дар озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе муваффақ гардида, ҳамчун Гирандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд:

1.              Марҳабои Далерҷон – хонандаи синфи 7 “А”;

2.              Убайдзода Оиша – хонандаи синфи 7 “А”;

3.              Наврӯззода Исмоил – хонандаи синфи 7 “А”;

4.              Баҳодурова Марям – хонандаи синфи 7 “Б”;

5.              Шарипова Тавҳида – хонандаи синфи 7 “Б”;

6.              Иноятзода Фарзона – хонандаи синфи 7 “Б”;

7.              Фотимаи Парвиз – хонандаи синфи 7 “Б”;

8.              Зуҳали Абдулхайр – хонандаи синфи 7 “Б”;

9.              Шукронаи Музаффар – хонандаи синфи 9 “А”;

10.        Дилрабои Далерҷон – хонандаи синфи 9 “А”;

11.        Иғболова Мавлуда – хонандаи синфи 9 “Б”;

12.        Иноятзода Шаҳноза – хонандаи синфи 9 “Б”;

13.        Қаҳҳорзода Меҳрона – хонандаи синфи 9 “Б”;

14.        Шамолова Нигора – хонандаи синфи 9 “Б”;

15.        Мамадризобеков Файёз – хонандаи синфи 9 “Б”;

16.        Нарзуллоев Меҳрдод – хонандаи синфи 9 “Б”;

17.        Зиёев Рустам – хонандаи синфи 10 “А”;