Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

СУҲБАТИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОН ВА ХАТМКУНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

«Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд»

Эмомалӣ Раҳмон

        Дар пайравӣ ба гуфтаҳои Президенти кишвар санаи 30.05.2022 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон роҳбари ҷавон ва навтаъини муассисаи номбурда бо хонандагони фаъоли литсей ҳамсуҳбат гардиданд. Дар ин вохӯрӣ гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, ғолибони олимпиадаи фаннии хонандагон, иштирокчиёни озмунҳои «Илм-фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва хатмкунандагони литсей ширкат доштанд.

 

       Директори литсей Наботов С.Х.дар суҳбат аз сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар Пешвои миллат дастгирӣ намуда  қайд карданд, ки насли наврас ояндаи миллату давлат ва қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошад аз ин рӯ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани саводнокии насли наврас, тақвияти истеъдодҳои ояндасоз аз наврасону ҷавонон вобастагӣ доранд. Ин ҳама бовариву эътимод, дастгирӣ,муҳаббат, ғамхориҳо ҳисси масъулият, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавононро афзун менамояд.

      Лекин, мутаасифона, ҳастанд ҷавононе, ки ҳамаи ин неъматҳои арзишмандро сарфи назар намуда, ба номи Ватан-модар доғ меоранд, ки боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст. Ба ҳар гуна ташкилотҳои террористиву экстремистӣ шомил гардидани ҷавонон ба масъалаи доғи рӯз табдил ёфтааст. Тавре ки огоҳем, имрӯзҳо дар ҷаҳон даҳҳо гурӯҳҳои ифротиву террористӣ амал менамоянд, ки ҳар кадом гӯё худро ҳомии дини ислом муаррифӣ намуда, бо ҳар роҳу восита ақидаҳои нопокашонро дар байни аҳли ҷомеа паҳн менамоянд. Албатта , мо амалҳои нангини ин гуна гурӯҳҳоро маҳкум менамоем ва аз ҷавонон даъват ба амал меорем, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.