Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Бахшида ба ҷашни Меҳргон санаи 18.10.2021 аз тарафи хонандагони синфи 4 “А” бо роҳбарии муаллима Умарова М.Р. соати тарбиявӣ гузаронида шуд.

Санаи 18.10.2021 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии беруназсинфӣ бо номи “Угадай мелодию” аз фанни суруд ва мусиқӣ дар байни хонандагони синфҳои 2 “Б” ва 3 “Б” баргузор гардид.

         Санаи 13.10.2021 даври якуми олимпиадаи фаннии хонандагон дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз фанҳои математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар озмун хонандагони синфҳои 5 – 11 ҷалб шуда буданд. Ғолибон ба даври дуюми олимпиадаи фаннии хонандагон роҳхат мегиранд.

         Санаи 14.10.2021 ва 15.10.2021 даври аввали олимпиадаи фаннии хонандагон дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз фанҳои химия ва физика баргузор гардид. Дар озмун 56 нафар хонандагон иштирок намуда, 27 нафар ғолиб ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

         Санаи 12.10.2021 даври якуми олимпиадаи фаннии хонандагон дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз фанҳои таърихи халқи тоҷик ва ҳуқуқ баргузор гардид. Дар озмун хонандагони синфҳои 5 – 11 ҷалб шуда буданд. Ғолибон ба даври дуюми олимпиадаи фаннии хонандагон роҳхат мегиранд.