Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Санаи 07.03.2022 дар литесйи ДДТТ конференсияи адабӣ – бадеӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар мавзӯи “Чун меҳр бузургу бенишони модар” гузаронида шуд.

“Ҳар куҷое бо ту дорам ифтихор, эй модарам” таҳти ин унвон соати тарбиявӣ аз ҷониби хонандагони синфи 11 “А” рӯзи 07.03.2022 бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Санаи 04.03.2022 дар Шӯъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ озмун “Дар бораи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” баргузор гардид. Аз литсей омӯзгорон Саидниёзов А.С. ва Разоқов Ф.З. иштирок намуда:

1.    Саидниёзов А.С. – омӯзгори фанни химия сазовори ҷойи 2 – юм;

2.    Разоқов Ф.З. – омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи 3 – юм;

гардиданд. Ин дастоварди навбатиро ба ҳайати омӯзгорони литсей муборакбод мегӯем.

Санаи 04.03.2022 дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарси намунавии тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар синфи 1 “А” гузаронида шуд.

Санаи 3.03.2022 дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз тарафи хонандагони синфҳои 3 “Б” ва 7 “Б” дарси муштараки тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар мавзӯи “Модари меҳрубони ман” гузаронида шуд.